Ҷаримаи 120 нафар барои вайрон кардани қонуни замин
Кӯлоб, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Масъулини кумитаи заминсозии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар давоми соли 2012 – ум 120 нафар вайронкунандагони қонуни заминро дар масоҳати 84,2 гектар ба маблағи 23 400 сомонӣ ҷарима карда, 15 500 сомонии онро ба суратҳисоби махсуси кумита ворид намуданд. Ба гуфти раиси кумитаи заминсозии ноҳия Мунавваршо Ташрипов аз 120 ҳолати вайронкунии қонун 88 ҳолати он дар майдони 67,2 га бартараф шуда, ба прокуратура 3 мавод, ба суд 4 мавод барои додани баҳси ҳуқуқӣ пешниҳод шуд. Манбаъ афзуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва консепсияи истифодаи замини ҶТ ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои обӣ дар ин самт 2 га замини кишоварзӣ, 64 га ҷангалу бешазор, ки ба замини ғайрикишоварзӣ мансубият доштанд, ба заминҳои кишоварзӣ ворид шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






