Ҷавшанпӯш аст аз меҳру ихлоси мардум
Ҳисор, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Нашриёти «Истеъдод» китоби нави Ҳакималӣ Назаралиевро бо теъдоди 500 нусха таҳти унвони «Воломақом» дастраси хонандагон намуд. Китоб ба 70- солагии зодрӯз ва фаъолияти нимасраи ҳунарии арбоби намоёни санъати тоҷик Ҷӯрабек Муродов бахшида шудааст. Асар дар асоси ёддошту ҳикояҳои дилангези мушовири калони шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор, ҳофизи шинохта Саъдулло Пардаев, ки солҳои тӯлонӣ ҳамроҳи устоди санъат Ҷӯрабек Муродов фаъолияти эҷодӣ дошт, рӯи чоп омадааст.Саргузашт ва сӯҳбатҳои дилнишин бо бузургмардони тоҷик, ки дар асар ҳикоя андар ҳикоя омадааст, хонданбоб ва ибратбахшанд. Китоб бо аксҳои дар лаҳзаҳои гуногун аксёфта, шеърҳои аъзои «Маҳфили истеъдод», ки ба ҳофизи номдор Ҷӯрабек Муродов бахшида шудаанд, пурра гардидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






