Ҷилавгирӣ аз таъсири омилҳои хатарнок
Душанбе, 4 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ояндаи наздик палатаи поёнии парлумони мамлакат –Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» тағйиру илова ворид менамояд. Лоиҳаи қонуни мазкур 4 феврал дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров –раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйиру илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» таъмину ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҷилавгирӣ аз таъсири омилҳои хатарноки маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, инчунин танзими муомилоти маҳсулоти тамоку дар ҷумҳурӣ мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






