Ҷоизаи «Падида» барои падидаҳои адабиёт

Февраль 7, 2013 15:49

Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барандагони ҷоизаи адабии «Падида» дар соли 2012-умро муайян намуд.Имсол ин ҷоизаро адибони ҷавон Баҳроми Раҳматзод, Шаҳодат, Ҷамшед ва Нодири Луқмонзода соҳиб шуданд. Бино ба иттилои масъулини Иттифоқи нависандагони кишвар ҷоиза барои дастгирии падидаҳои нав дар адабиёти тоҷик таъсис ёфта, ҳар ду сол ба адибони ҷавоне, ки дар ҷодаи адабиёт қадамҳои устувор мегузоранд, дода мешавад ва маблағи он ҳудуди 1000 сомониро ташкил медиҳад.Қаблан бо ин ҷоиза Ҳанифаи Муҳаммадохир, Баҳманёр Муродӣ, Матлуба Ёрмирзоева ва Баҳром Мирсаидов сарфароз гашта буданд.

Февраль 7, 2013 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд