Ҷонибдории 10 қонуни нав

Февраль 28, 2013 13:35

Душанбе, 28 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Даҳ қонуни наву мукаммалро имрӯз аъзои палатаи болоии Парлумони мамлакат-Маҷлиси миллӣ зимни баргузории иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд. Инҳо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ», «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ», «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ», «Дар бораи чарогоҳ», «Дар бораи тайёрии варзишӣ», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» ва «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» мебошанд. Раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ҷонибдории қонунҳои наву мукаммалро аз сӯи палатаи болоии Парлумони мамлакат талаботи равандҳои ҷомеаи мусоири Тоҷикистон арзёбӣ намуданд. Зикр шуд, ки қонунҳои нав пеш аз ҳама ба рушди иқтисодиёти миллӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии ҷомеаи кишвар, ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ, рушди оммавияти варзиш, озодии матбуот ва густариши равандҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуда, масъалаҳои марбут ба сохти марзиву маъмурии ҷумҳуриро ба танзим медароранд.  Мавриди зикр аст, ки қонунҳои мазкурро қаблан вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат –Маҷлиси намояндагон муҳокима ва қабул намуда, ҷиҳати ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллӣ ироа сохтаанд.

Февраль 28, 2013 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад