Ҷопон дар Самҷон мактаб месозад

Февраль 26, 2013 13:32

Душанбе, 26-уми феврал.(АМИТ”Ховар”,Фарзона Достонзода).- Тибқи Барномаи кӯмакҳои бебозгашт 26 феврал Ҳиройуки Имаҳашӣ, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои грантиро оид ба амалӣ гаштани 5 лоиҳаи мухталиф барои дастгирии соҳаи маориф дар шаҳри Исфара, ноҳияҳои Куҳистони Мастчоҳ ва Тавилдара, инчунин баҳри рушди соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Нуробод ба имзо мерасонад. Аз ҷумла лоиҳаи дастрас намудани таҳҷизоти тиббӣ барои шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент ба маблағи 115,235 доллари ИМА, лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби №65 дар қишлоқи Холесони ҷамоати Чоркуҳи шаҳри Исфара ба маблағи 113,359 доллари ИМА, лоиҳаи сохтмони мактаби миёнаи №9 дар қишлоқи Самҷони ҷамоати Лангари ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ба маблағи 113, 841 доллари ИМА, лоиҳаи сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар ҷамоати Яхак-Юсти ноҳияи Нуробод ба маблағи 109,064 доллари ИМА, лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби миёнаи №3 дар ҷамоати Сангвори ноҳияи Тавилдара ба маблағи 109,073 доллари ИМА. Лоиҳаҳои мазкур аз ҷониби мардуми Тоҷикистон амалӣ мешаванд. Рушду такомули соҳаи маориф дар маркази таваҷҷуҳи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ қарор дошта, ба ҳаёти кӯдакон таъсири мусбату давомдор мерасонад.Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 300 лоиҳои кўмаки башариро ба маблағи умумии $23.1 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Февраль 26, 2013 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд