20-соли муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Словакия
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар»).-4 феврал аз барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия 20 сол пур мешавад. Аз давраи барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Словакия дар асоси эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкории мутақобилан судманд рушду равнақ меёбанд.Дар ин 20 сол Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия дар самти ривоҷу таҳкими муносибатҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ба натиҷаҳои назаррас расидаанд. Яке аз соҳаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба рушд ва густариши заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия 2 созишномаи дуҷониба — Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Словакия оид ба кӯмаки инвеститсионӣ ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Словакия оид ба савдо робитаҳои иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи илму техника ба имзо расидаанд. Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Словакия дар ҳоли ташаккул қарор дошта, имкониятҳои ба роҳ мондани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ пурра истифода нашудаанд. Солҳои охир табодули мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия тамоюл ба зиёдшавӣ дорад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






