2562 медали варзишгарони Суғд аз мусобиқоти варзишӣ

Февраль 27, 2013 11:37

Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Соли 2012-ум 1226 нафар варзишгари вилояти Суғд, аз ҷумла 137 нафар бонувон, дар мусобиқоти ҷумҳуриявию байналхалқӣ иштирок ва 2562 медалро соҳиб гардиданд, ки аз рушди варзиш дар вилоят гувоҳӣ медиҳад. Ин нукта 25 феврал зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо собиқадорони соҳаи варзиш, мураббиён ва варзишгарони вилоят зикр гардид. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси вилоят ба истифода додани майдончаи яхи сунъӣ, сохтмони толори варзишии дорои 3 ҳазор ҷои нишаст дар Хуҷанд ва таъмиру навсозии варзишгоҳи шаҳри Исфара, идрорпулии раиси вилоят барои варзишгаронро далели таваҷҷуҳи зиёд ба соҳаи варзиш арзёбӣ кард.

Февраль 27, 2013 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад