30 нафар қурбони садама гардид
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).–Аз аввали соли ҷорӣ то ба имрӯз дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 96 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 30 нафар ба ҳалокат расида, 112 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд. Воқеаҳои рухдодаи ҳафтаи равон аз он шаҳодат медиҳанд, ки бештари садамаҳои роҳу нақлиётӣ аз риоя накардани аломатҳои огоҳкунандае, ки дар ҷойҳои лозимӣ насб шудаанд, сар зада, сабаби фавт ва ҷароҳат бардоштани чанд тани дигар гардидаанд. Аз ин рў аз тамоми дорандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш мешавад, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд. Дар ин бора аз шуъбаи ташвиқоту тарғиботи раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов иттилоъ дод.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






