46 кило маводи мухаддири “Опел-астра” ба манзил нарасид
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Бар асари роҳандозии як амалиёти муваффақона дар қаламрави ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 46 кило маводи мухаддир мусодира намуданд.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз агентии мазкур иттилоъ доданд, кормандони агентӣ ба гумони интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир мошини сабукрави тамғаи “Опел-астра”-ро боздошт карданд. Дар ҷараёни азназаргузаронии мошин, кормандони фаврӣ дар бордони он ду халтаеро, ки дар дарунашон 50 брикети прессшуда ва 2 бастаи дорои моддаи хамирмонанди қаҳваӣ бо бӯи махсус дошт, ошкор намуданд. Лабораторияи ташхиси судии агентӣ 43 кило ҳашиш ва наздик ба 4 кило афюн будани маводи мусодирашударо таъйид кард. Бояд гуфт, ки дар ҷараёни баргузории амалҳои тафтишотӣ муайян гардид, ки маводи мухаддир ба зода ва сокини 35-солаи деҳаи Миршикорони ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод мутааллиқ буда, доғи судӣ надорад. Дар айни замон аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ҳолатҳои содир намудани амали ҷиноӣ ва шиносоии шахсони дигари алоқаманд ба он мавриди тафтиш қарор мегирад. Боздоштшуда дар тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ нигаҳдорӣ мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






