Аҳолӣ минбаъд 12 соат барқ мегирад
Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврал ба аҳолии минтақаҳои Тоҷикистон дар як шабонарӯз баробари 12 соат нерӯи барқ дода мешавад. Дар ин бора роҳбари дафтари матбуоти Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод. Мувофиқи суханони Нозир Ёдгорӣ, акнун аҳолии минтақаҳои ҷумҳурӣ аз соати 5:00 то 11:00 субҳ ва аз соати 17:00 то 23:00 шом нерӯи барқ мегирад. Сабаби зиёд шудани соатҳои додани нерӯи барқ шароити мусоиди обу ҳаво ва афзудани тавлиди нерӯи барқ мебошад.Қобили зикр аст, ки тайи моҳҳои декабр – январи солҳои 2012 ва 2013 аҳолии минтақаҳои Тоҷикистон ҳар шабонарӯз баробари 6 – 7 соат нерӯи барқ мегирифт. Аз 11 феврали соли равон ин нишондиҳанда ба 9 соат расид. Алҳол масъалаи пурра аз байн бурдани реҷаи додани барқ пурра ҳал нашудааст, зеро он вобаста ба шароити обу ҳаво ва вазъи оби равони дарёи Вахш мебошад. Назар ба гуфтаи Нозир Ёдгорӣ, тавлиди нерӯи барқ ҳар шабонарӯз дар кишвар 44 – 46 миллион киловатт – соатро ташкил медиҳад. Солҳои гузашта дар ҳамин давра ҳар шабонарӯз 38 миллион киловатт – соат нерӯи барқ тавлид мешуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






