Афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ

Февраль 15, 2013 14:35

Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Соли 2012 афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2011 10,4%-ро ташкил дод, ки ин дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои дурнамои ҷумҳурӣ, ки афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатиро дар сатҳи 5,8 % пешбинӣ намуда буд, 4,6 фоиз зиёд аст. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, аз рӯи маълумоти фаврӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҳисоботӣ 9 млрд. 797,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011 ба маблағи 926,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Вобаста ба ин рушди саноатӣ ғайр аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 99,3% аз ҳисоби шаҳри Турсунзода дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ дар ВМКБ 10,4%, вилоятҳои Суғд 15,7%, Хатлон 15% ва шаҳри Душанбе 3,3 %-ро ташкил дод.

Февраль 15, 2013 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш