Афзоиши маоши ҳарбиён дар 5 сол 9 маротиба
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 20-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат иттилоъ дод, ки, танҳо дар панҷ соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст ва соли равон маблағгузорӣ барои нигоҳдории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ нисбат ба соли 2008-ум се баробар зиёд пешбинӣ шудааст. Зикр шуд, ки аз соли 2006 то имрӯз 4 марҳалаи ислоҳоти музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалӣ гардида, андозаи таъминоти пулии онҳо қариб 9 баробар афзудааст. Бо зикри он, ки бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, гуфта шуд, ки алъон аз ҳисоби онҳое, ки таҳсилро дар мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ хатм кардаанд беш аз 2600 нафар барои хизмат ба сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ҷалб карда шудаанд. Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон ҳоло қариб 3000 нафари дигар дар мактабҳои олии ҳарбии мамлакатамон ва 1100 нафар дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон таҳсили худро идома дода истодаанд.








Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






