Афзоиши саноати сабук дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Дар чаҳорчӯби «Барномаи давлатии рушди соҳаи саноати сабук дар Тоҷикистон» дар ҷумҳурӣ дар қатори иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар назар аст дар корхонаҳои бофандагии амалкунанда истеҳсоли маҳсулот вусъат дода шавад.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар соли ҷорӣ дар соҳаи саноати сабук ба истифода додани 20 корхона ва коргоҳи нав, ки қисмати зиёди он дар вилояти Суғд бунёд ёфтааст, дар назар аст.Корхонаҳои нав зиёда аз 1,5 ҳазор ҷои нави кориро муҳайё менамоянд. Бо назардошти иқтидорҳои нави истеҳсолӣ афзоиши истеҳсолоти саноати сабук дар соли ҷорӣ дар сатҳи 10-15 % пешбинӣ мешавад.Масалан, дар корхонаҳои «Хима-текстил» ва «Спитамен-текстил» хатҳои нави истеҳсолӣ ба кор дароварда шуда, дар онҳо дар назар аст, ки истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ ва трикотажӣ, инчунин пардози риштаҳо роҳандозӣ гардад. Дар айни замон дар ин корхонаҳо танҳо истеҳсоли ришта ба роҳ монда шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






