Аксияи “Ин Ватан аз ҳар яки мост!”
Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Ба муносибати бистумин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи супориши роҳбарияти ҲХДТ бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иқдом таҳти унвони «Ин Ватан аз ҳар яки мост!» баргузор гардид. Дар аксия ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ширкат варзида, аз ҷониби ихтиёриёни ташкилоти «Созандагони Ватан» наздики панҷоҳ ҳазор варақа ба шаҳрвандон дастрас шуд, ки дар он муроҷиатномаи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони ҲХДТ «Созандагони Ватан» ба ҷавонони мамлакат пешниҳод шудааст. Дар муроҷиатномаи мазкур омадааст: «20-солагии таъсиси Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба якояки Шумо шодбош мегўем. Ватани маҳбуби мо мисли мо ҷавон буда, ободиву пешрафт ва рушду тараққиёти он аз мо вобаста аст. Бо назардошти муҳимияти нерўи мо, ҷавонон барои шукуфоии Тоҷикистони азиз, аз ҳар кадоми Шумо даъват менамоем, ки барои тақдири давлату миллати худ бетараф набошед. Нагузорем, ки ягон ғоя ва падидаи номатлубе осмони софи кишвару фазои сулҳи мамлакатро халалдор созад. Мо пеш аз ҳама муттаҳид бошем ва ба қадри истиқлолият, сулҳ, ваҳдат ва озодиву оромӣ бирасем. Мо бояд дарк намоем, ки ин арзишҳо бо кадом заҳматҳо ба даст омадаанд ва пеш аз ҳама бояд саҳми арзандаи пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро эҳсос намоем ва дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатамон муттаҳид шуда, дар бораи ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон андеша намоем. Итминони комил дорем, ки дар якҷоягӣ ин сарзамини аҷдодиамонро боз ҳам ободу зебо гардонида, барои Ватани азизамон хизмат мекунем. Ҳамеша кўшиш менамоем, ки имрўзро аз дирўз ва фардоро аз имрўз дида беҳтару хубтар гардонем, зеро ин Ватан аз ҳар яки мост!








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






