Амнияти миллии Тоҷикистон дар ВАО

Февраль 11, 2013 10:34

Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар» Зарангези Латиф).- Рӯзи 9 – уми феврали соли равон дар шаҳри Душанбе, ҲХДТ таҳти унвони «Инъикоси арзишҳои миллӣ дар Васоити ахбори омма» ҷаласа баргузор кард. Дар нишаст муарифии «Маркази таблиғот ва таҳлилӣ» ва сомонаи ҲХДТ, инчунин мавзӯи «Амнияти миллии Тоҷикистон» баргузор шуд.  Дар нишаст роҳбарони ВАО ва инчунин намояндагони баъзе аз ҳизбҳои мухолиф сари як миз нишастанд. Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО ва Илҳомҷон Ҳамидов, устоди ДМТ дар робита ба амнияти иттилоотӣ ва мушкилоти ВАО дар Тоҷикистон маърӯза карданд. Инчунин ҳозирин атрофи миллият ва инъикоси мавзӯъҳои масоили миллӣ баҳс карданд.

Февраль 11, 2013 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш