Анҷоми лоиҳаи СҶТ дар Тоҷикистон

Февраль 5, 2013 11:03

Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Маросими расмии ба анҷом расидани лоиҳаи «Ҳифзи саломатӣ дар шароити тағйиёбии иқлим»-ро 7 феврал намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии ҶТ барпо менамоянд. Ҳадафи аслии маросим нишон додани натиҷаҳои лоиҳа ба шарикон ва дигар доираҳои манфиатдор мебошад. Дар ин маросим намояндагони Вазорати тандурустии ҶТ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Сафорати Ҷумҳурии Фелеративии Олмон дар Тоҷикистон, инчунин намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок менамоянд. Лоиҳа аз ҷониби Бюрои аврупоии минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ амалӣ ва аз тарафи Вазорати федералии муҳити зист, ҳифзи табиат ва безараргардонии моддаҳои ҳастаии Олмон маблағгузорӣ гардидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон хабар доданд.

Февраль 5, 2013 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад