Арзёбии пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби ЮНЕСКО

Февраль 20, 2013 11:36

Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Арзёбии пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ворид намудани Боғи миллии Тоҷикистон ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ба анҷом расид. Интизор меравад, ки ҳуҷҷатҳои воридшуда ва хулосаҳои коршиносон дар ҷаласаи солонаи ЮНЕСКО, ки баргузории он дар соли 2013 дар назар дошта шудааст, ба овоз гузошта хоҳад шуд. Мавриди зикр аст, ки Боғи миллии Тоҷикистон соли 1992 бо мақсади ҳифзи олами ҳайвоноту наботот, рушди туризм, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ташкил шуда, он дар масоҳати 2,6 миллион гектар доман густурдааст. Масоҳати Боғи миллӣ 60% қаламрави Бадахшон, 40% и ҳудуди ноҳияҳои Ҷиргатол ва Тавилдараро ташкил медиҳад. Қисмати бештари ҳудуди Боғи миллӣ аз куҳҳои сар ба фалаккашидаи 5000-6000 метр иборат аст. Водии Сангвор, кӯли Қаракӯл ва Сарез, ки дар баландкуҳ воқеъанд, қуллаи Исмоили Сомонӣ бо баландии 7495 метр, пиряхҳои азимҷуссаи Федченко ва Хирсон, ки ҳамасола онҳоро садҳо сайёҳон ва куҳнавардон дидан менамоянд, инчунин чашмаҳои гарму маъданӣ аз шоҳкориҳои табиат дар ин минтақа ба шумор мераванд. Олами ҳайвоноту набототи Боғи миллӣ гуногун буда, дар он 200 намуди гиёҳу растанӣ мерӯяд.

Февраль 20, 2013 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид