Асоси Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавононанд
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Бахшида ба 20-солагии Рўзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов бо сарбозони қисми ҳарбии 5453 Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрӣ гузаронд. Дар мулоқот раиси кумита перомуни масоили ватандўстӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ, шинохти арзишҳои фарҳангӣ ва сиёсиву давлатӣ суҳбат ороста, аз сарбозон даъват ба амал овард, ки бо донишу биниш ва рафтору ахлоқи намунавӣ ва хизмати содиқонаву софдилона ба халқу Ватан дар рушду нумуи соҳаҳои гуногуни саҳми бориз бигиранд. М. Неъматов ҳамчунин гуфт, ки: «Боиси ифтихор аст, ки асоси Қувваҳои Мусаллаҳро ҷавонон ташкил мекунанд. Мо боварӣ дорем, ки табақаи наврас ва ҷавон ба ояндаи неку дурахшони ҷумҳурии соҳибистиқлол мутмаин аст ва бо руҳияи баланди меҳандўстиву созандагӣ ва бунёдкорӣ дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ гомҳои сазовор гузошта истодаанд». Дар мулоқот ба суолҳои сарбозон посух дода, ба китобхонаи қисми ҳарбӣ чанд адад китоби тозанашр тўҳфа гардид.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






