Баҳисобгирии пурраи шаҳрвандони ҶТ

Февраль 19, 2013 15:56

Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). -Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ба зиммаи Хадамоти муҳоҷират вогузор шудааст, баҳисобгирии рафтуомади шаҳрвандони ҶТ ба ҳисоб меравад. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа», Хадамоти муҳоҷират дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ баҳисобгирии рафту омади пурраи шаҳрвандонро тавассути варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.Хадамоти муҳоҷират на танҳо шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, балки рафтуомади тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриро ба ҳисоб мегирад. Дар моҳи январи соли 2013 ба хориҷа 68 ҳазору 675 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ сафар намуд, ки аз ин теъдод, 55 ҳазору 34 нафараш мард ва 13 ҳазору 41 нафараш зан мебошад. Аз шумораи умумии шаҳрвандони ба хориҷа сафар намуда 58 ҳазору 062 нафараш муҳоҷири меҳнатист. Дар ин бора ба АМИТ”Ховар” аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдулло Қодирӣ иттилоъ дод.

Февраль 19, 2013 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд