Баҳси нашъамандӣ дар ду литсеи техникии пойтахти кишвар

Февраль 25, 2013 16:08

Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Ин ҳафта кормандони Агентӣ якҷо бо намояндагони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду мулоқот дар мавзӯи пешгирии нашъамандӣ бо донишҷӯёни литсеи касбию техникии рақамҳои 28, 30 шаҳри Душанбе баргузор намуданд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур ба пешгирии нашъамандӣ, ВИЧ/СПИД ва таблиғи тарзи зиндагонии солим миёни ҷавонони донишҷӯ равона шуда буд ва ҳадаф аз он муколама сари ин мавзӯъҳои доғ бо донишҷӯён буд, ки ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба мушкилоти ҷавонон низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин ба иштироккунандагон саволҳои зиёде дар мавриди навъҳои гуногуни маводи мухаддир пешкаш шуд, аз онҳо дар мавриди роҳу равишҳои пешгирӣ аз нашъамандӣ ва гирифторӣ ба бемориҳо ва маризиҳои сироятӣ, аз ҷумла ВИЧ/СПИД пурсида шуд.

Февраль 25, 2013 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад