Барқияи табрикотии Э. Раҳмон ба С. Сергсян
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:«Муҳтарам Серж Азатович,Шуморо ба муносибати дубора ба мақоми баланди Президенти Ҷумҳурии Арманистон интихоб шуданатон самимона табрик менамоям. Ғолибияти кунунии Шумо дар интихобот шаҳодати ҷонибдорӣ аз сиёсати пиёда намуда таҳти роҳбарии Шумо дар самти шукуфоии Арманистон ва беҳбудии мардуми он мебошад. Шуморо дар Тоҷикистон ҳамчун ҷонибдори боэътимоди рушди рӯзафзуни муносиботи шариконаи миёни ҳарду кишварҳоямон мешиносанд ва мо бебокона минбаъд низ ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Арманистонро ҷиҳати шукуфоии кишварҳоямон таҳким мебахшем. Бо истифода аз ин фурсати гуворо, ба Шумо муҳтарам Серж Азатович тани сиҳат, хушбахтӣ ва дар вазифаи пурмасъулиятатон муваффақияти нав ба нав, ба мардуми дӯсти Арманистон бошад, сулҳ ва беҳбудӣ таманно дорам».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






