Баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ

Февраль 5, 2013 16:59

Душанбе, 5 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интизор меравад, ки дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Русия, ки баргузории он ҳафтаи оянда дар Душанбе дар назар дошта шудааст, маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Русия матраҳ хоҳанд гашт. Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҷаласаи муштарак санадҳои ҳамкорие, ки моҳи октябри соли 2012 дар Душанбе зимни музокироти Сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба тавофуқ расида буданд, имзо хоҳанд шуд. Созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳвили маҳслуоти нафтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи рушди ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷират аз ҳамин қабиланд. Мавриди зикр аст, ки Федератсияи Русия яке аз шаркиони натанҳо стратегӣ балки иқтисодии Тоҷикистон буда, миёни Тоҷикистон ва минтақаҳои алоҳидаи Русия 75 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст ва танҳо дар соли 2011-ум 64 воҳиди ҳудудии Русия бо Тоҷикистон амалиётҳои тиҷоратӣ анҷом додаанд.

Февраль 5, 2013 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд