Баргузории Муколамаи ҳамкории Осиё дар Душанбе

Февраль 2, 2013 11:15

Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки маълум аст, соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати Муколамаи ҳамкории Осиёро ба дӯш дорад. Аз ин хотир ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё 28-29 марти соли равон дар ш. Душанбе баргузор мегардад. Дар айни замон корҳои тадорукотӣ барои ба таври шоиста гузаронидани ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ дар пойтахти кишвар ҷараён дорад. Дар ин робита, Кумитаи тадорукотӣ таҳти роҳбарии муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон Матлубхон Давлатов таъсис дода шудааст. Хамзамон дар Вазорати корҳои хориҷӣ ситод оид ба баргузории ин чорабинии муҳими байналмилалӣ фаъолият дорад. Аз ҷониби Кумитаи тадорукотӣ барномаи муқаддамотӣ ва лоиҳаи «Эъломияи Душанбе» таҳия гардида, он барои ҳамоҳангӣ ба кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё фиристода шудааст.   Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Февраль 2, 2013 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд