Барномаҳои нави рушди Ишкошиму Шуғнон
Хоруғ. 21 феврал.(АМИТ «Ховар»,Ҷ. Улфатшоев).- 21 — уми феврал иҷлосияи сездаҳум (даъвати чорум) — и Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ сурат гирифт. Дар иҷлосия маърӯзаи раиси Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Қодири Қосим «Дар бораи иҷрои нақша ва Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҳолати хоҷагидорӣ, истифода ва идораи иншооти коммуналии вилоят дар соли 2012» шунида шуд. Ҳамчунин масъалаҳои «Лоиҳаи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Ишкошим барои солҳои 2013- 2018 ва ноҳияи Шуғнон барои солҳои 2013 -2017», «Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба энергетика, сохтмон, саноат ва коммуникатсия», «Пешниҳоди комиссияи номгузор» ва тағйири номи воҳидҳои марзию маъмурӣ, маҳаллаҳои аҳолинишин ва қисмҳои таркибии онҳо», «Тасдиқи қарорҳои раиси вилоят, ки дар байни иҷлосияҳои дувоздаҳум ва сездаҳум (даъвати чорум) и Маҷлиси вакилони халқи вилоят қабул шудаанд», мавриди муҳокимаи вакилон қарор гирифтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






