Баррасии ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Бангладеш
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- 5 феврал дар шаҳри Душанде вохӯрии муовини раиси Палатаи савдо ва саноат (ПСС)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Асаналӣ Карамалиев бо раиси Ассотсиатсияи коркарди пахтаи Ҷумҳурии Бангладеш Муҳаммад Аюб баргузор шуд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз ПСС хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ба роҳ мондани робитаҳоро миёни доираҳои тиҷоратию саноатии ҳарду кишвар баррасӣ намуданд. Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди пахтакорӣ дар ҶТ барои солҳои 2010-2014» ва «Барномаи коркарди пурраи нахи пахтае, ки дар давраи то соли 2015 дар ҶТ истеҳсол мешавад» қабул шудаанд. Дар ҳамбастагӣ ба ин масъала А. Карамалиев пешниҳод кард, ки ба соҳаи пахтакорӣ сармоягузорӣ намуда, корхонаи коркарди пурраи пахтаро таъсис диҳанд. Ҷонибҳо имкони ҳамкориҳоро дар соҳаи саноати сабук ва коркарди пахта баррасӣ намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






