Баррасии масоили назорати марзӣ
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Афсарони алоқаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар доираи иҷрои Протоколи ҳамкориҳо миёни агентӣ ва Вазорати корҳои дохилии ин кишвар бо волии шаҳри Файзобод Назирмад валади Ниёзмуҳаммад мулоқот намуданд.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, дар ҷараёни дидор масъалаҳои назорати марзӣ ва роҳандозии чорабиниҳои пешгирикунанда дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо аз вазъи ҳамкориҳои дуҷонибаи зиддимухаддиротӣ изҳори қаноатмандӣ карданд, хабар дод манбаъ.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






