Баррасии расонидани кӯмак ба кӯдакони муҳоҷирон дар ФР

Февраль 5, 2013 17:00

Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). –Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрии намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Табибон барои кӯдакон» доир гардид.Тавре ки аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия хабар доданд, иштирокдорони мулоқот масоили имконпазирро вобаста ба роҳҳои ҳамкориҳо оид ба расонидани ёрии тиббӣ ба кӯдакон ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ намуданд. Ҳадафи асосии мулоқот аз шиносо намудани муҳоҷирони меҳнатӣ бо лоиҳаҳое, ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Табибон барои кӯдакон» татбиқ мешаванд, иборат буд. Лоиҳа хизматрасонии ройгони тиббиро барои кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ пешбинӣ менамояд ва муоинаю табобати аввалини онҳо аз ҳисоби ин ташкилот роҳандозӣ мегардад. Дар вохӯрӣ ҳамоҳангсози лоиҳаи «Табибон барои кӯдакон» Константин Захаров, намояндаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР Алихони Розиқзода, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Помир» Бахтибек Бердов ширкат намуданд. Ташкилоти ҷамъиятии «Табибон барои кӯдакон»-и Санкт-Петербург дар соли 2001 бо қувваи табибон, хоҳарони шафқат, кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, руҳшиносон ва мураббиён барои расонидани кӯмак ба кӯдакон ва оилаҳое, ки ба вазъияти душвори зиндагӣ рӯ ба рӯ гардидаанд, таъсис ёфтааст.

Февраль 5, 2013 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш