Баррасии раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов бо намояндаи доимии Созмони Оғохон оид ба рушди Тоҷикистон Акбаралӣ Песнан баргузор гардид. Тавре ки аз котиботи Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот аз рӯи масоили мубрам ва дурнамои бахшҳои мухталифи фаъолият табодули афкор баргузор гардид.Мувофиқи суханони манбаъ, ҷонибҳо ба раванди татбиқи лоиҳаю барномаҳои муштарак дар бахши гидроэнергетика, кишоварзӣ, сохтмон, бунёди роҳу пулҳо, ҳамчунин татбиқи барномаҳои бахши тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.Зикр шуд, ки бояд шумораи муассисаҳои маблағгузорӣ хусусан дар деҳот ва минтақаҳои дурдасти кишвар зиёд карда шавад, ки ин ба сатҳи баландшавии некӯаҳволии мардум ва коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.Дар хотима Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкории байни Тоҷикистон ва Созмони Оғохон оид ба рушди Тоҷикистон минбаъд ҳам рушду густариш хоҳад ёфт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






