Баррасии Созишномаи қарзии иловагӣ
Душанбе, 4 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Душанбею Париж дар оянда робитаҳои парлумониашонро тақвият мебахшанд.Дар робита ба ин 4 феврал палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон масъалаи ташкили гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Фаронсаро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» матраҳ гардиданд. Созишномаи қарзии иловагӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ дар хусуси лоиҳаи беморхонаи бисёрсоҳавии Данғараро низ аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ намуданд. Амир Катаев ва Сафаралӣ Раҷабов –раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон зимни тавзеҳи масъалаҳои мазкур иброз доштанд, ки раванди зиндагӣ доимо дар инкишоф аст ва ҳалли ин ё он масъалаи бавуҷудомада муносибати навро тақозо менамояд. Аз ин рӯ,зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мазкур пеш омадааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






