Беҳдошти сифати таълим ва пойгоҳи моддию техникӣ

Февраль 19, 2013 16:43

Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар низоми омодасозии кадрҳои ронандагӣ батадриҷ меъёри сифат шарти асосии пояи обрӯ ва маҳбубияти дилхоҳ муассисаи таълимӣ новобаста ба шакли моликияти он мегардад. Ин соҳа ба яке аз шохаҳои бозори хизматрасонӣ табдил ёфтааст, ки қонуниятҳои хоси талаботи худро дорад. Дар семинаре, ки бо иштироки масъулони дахлдори зинаҳои гуногуни созмони мудофиавии кишвар рӯзи 15 – феврали соли равон доир шуд, муовини раиси КМ ТҶММ оид ба қисми таълимию истеҳсолӣ, сардори мактаби муттаҳидаи техникии ҷумҳуриявӣ полковник Аҳмадхон Амонов изҳор дошт, ки агар чанд сол муқаддам барои довталаби ихтисоси ронандагӣ танҳо дарёфти ҳуҷҷат ва идораи мошин муҳим буд, дар айни ҳол онҳое, ки нияти ронанда шудан доранд, ба сифати таълим, заминаи моддию техникӣ ва дараҷаи таъминот бо воситаҳои айёнии электронӣ аҳамияти бештар зоҳир мекунанд.Иштирокдорони семинар зимни баргузории он аз роҳҳои беҳдошти сифати таълим ва тақвияти пойгоҳи моддию техникӣ иттилои бештар пайдо намуда, аз синфхонаи намунавии мактаби муттаҳидаи техникии ҷумҳуриявӣ дидан намуданд, то дар кумитаву мактабҳои худ чунин синфхонаҳоро ташкил кунанд.

Февраль 19, 2013 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад