Беҳ кардани сифати таҳсили томактабӣ дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 11 феврал (АМИТ «Ховар»).- 12 феврали соли 2013 дар ш. Душанбе барномаи «Рушди барвақтии кӯдак»-и Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо дастгирии машваратии коршиноси байналмилалӣ ба мақсади муаррифии натоиҷи арзёбии лоиҳа ва баррасии усулҳо ва воситаҳои беҳ кардани сифати таҳсилоти томактабӣ дар ҷумҳурӣ мизи мудаввар баргузор менамояд. Дар вохӯрӣ намояндаҳои Вазорати маорифи Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти ҶТ, Институти чумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф, мудирони раёсатҳои маорифи вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, мутахассисони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, ТҒД ва шарикон аз созмонҳои байналмилалии ЮНИСЕФ, Бунёди Оғохон, CARITAS, GIZ, USAID, Бонки умумиҷаҳонӣ ширкат мекунанд. Дар ин бора Ҷовид Муқим, корманди масъули Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






