Беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ) –Бартараф намудани монеаҳои маъмурии фаъолияти соҳибкорие, ки тавассути иҷозатнома амалӣ мешаванд ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ аз дастовардҳои назарраси Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соли гузашта унвон мешавад. Ин нукта дар мизи мудаввар, ки оид ба мавзўи «Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ – ҳамчун воситаи таъминкунандаи муколамаи озоди давлат ва бахши хусусӣ» баргузор гардид, таъкид шуд. Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи фаъолияти Шўро Қонуни ҶТ «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардида, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” таҳия шуд. Ҳамчунин дар идомаи ибтикорҳои Шўрои машваратӣ Қонуни ҶТ «Дар бораи Созишномаҳои инвеститсионӣ» ва Консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузорӣ қабул гардид ва Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳидро оид ба эътироф ва мавриди иҷро қарор додани қарорҳои арбитражии хориҷӣ тасдиқ намуд. Мавриди зикр аст, ки натиҷаҳои ислоҳоти доиршуда аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, Тоҷикистон тибқи ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ “Пешбурди соҳибкорӣ” дар соли гузашта мавқеи худро боз 6 зина боло бурд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






