Беҳтаринҳоро ба Теҳрон мефиристанд

Февраль 25, 2013 10:09

Душанбе, 25 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интизор меравад, ки охири моҳи феврал як гуруҳ аз масъулини Вазорати улум ва фановарии Эрон озими Душанбе мегарданд. Онҳо зимни баргузор намудани озмун аз 50 нафар донишҷӯи тоҷик имтиҳон мегиранд ва беҳтаринҳоро интихоб намуда, барои таҳсил ба Донишгоҳи давлатии Теҳрон мефиристанд. Абдусаттор Одинаев- мудири шуъбаи таҳсилоти байналмилалии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ мегӯяд, ки 50 нафар ҷавонон донишҷӯёни донишгоҳҳои гуногуни ҷумҳурӣ мебошанд. Таҳсили ҷавонони тоҷик дар Донишгоҳи Теҳрон дар асоси Созишномаҳои байнидавлатӣ, ки қаблан миёни вазоратҳои марбутаи ҳар ду кишвар ба имзо расида буданд, сурат мегирад. Масъули бахши таҳсилоти байналмилалии Вазорати маорифи кишвар афзуд, ки донишҷӯёни тоҷик дар бахшҳои илмҳои дақиқ, табиию риёзӣ, иқтисодиёт, менеҷмент, технологияи иттилоотӣ, заминсозӣ, геология таҳсил менамоянд. Алҳол дар Эрон беш аз 130 нафар донишҷӯи тоҷик ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Тибқи омори Вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар соли сипаригардида беш аз 2 ҳазору 200 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил тибқи квота ба хориҷи кишвар фиристонида шудаанд, ки қисмати бештари он — 777 нафар ба Русия рост меояд.

Февраль 25, 2013 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад