Бемасъулиятӣ нисбат ба пардохти ҳаққи барқ

Февраль 18, 2013 16:54

Кӯлоб, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Бинобар иттилои муҳандиси пешбарандаи Раёсати фурӯши Барқи Тоҷик Тоҳир Мирзоев то ин муддат аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи шаҳри Кӯлоб ба маблағи 31 млн. 774 ҳазору 398 сомонӣ аз барқ қарздор мебошанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн. 822 ҳазору 962 сомонӣ зиёд аст. Масъулини аксар корхонаҳою ташкилот нисбат ба пардохти ҳаққи истифодаи барқ бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд. Чунончи, буҷаи гуногун 23 ҳазору 487 сомонӣ, буҷаи маҳаллӣ 403 ҳазору 357 сомонӣ, буҷаи вилоятӣ 293 ҳ. 144 сомонӣ, буҷаи ҷумҳуриявӣ 426 ҳ. 838 сомонӣ, корхонаи хишти Кӯлоб 87 ҳ. 788 сомонӣ, корхонаи Обу корез 622 ҳ. 409 сомонӣ, Ҷамъияти матлубот 14 ҳ. 500 сомонӣ, хоҷагии қишлоқ 89 ҳ. 967 сомонӣ, корхонаҳои саноатӣ 150 ҳ. 931 сомонӣ ва дигар ташкилотҳо аз пардохти ҳаққи барқ қарздоранд.

Февраль 18, 2013 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд