Бинои нави ВКХ дар арафаи Наврўз ифтитоҳ мешавад

Февраль 23, 2013 10:58

Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе пурра ба анҷом расидааст. Дар ин бора сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Давлат Назрӣ имрўз дар як нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ утоқҳои корӣ ва толорҳои ин бино бо лавозимоти лозимии муосир таъмин ва барои фаъолияти кормандони вазорат ҳама шароит фароҳам оварда шудааст. Интизор меравад, ки маросими кушодашавии расмии бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ дар арафаи иди Наврўз баргузор гардад.

Февраль 23, 2013 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд