Бонки рушди Авруосиё — шарики боэътимоди Тоҷикистон
Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Имрӯз дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мудирияти Бонки рушди Авруосиё Игор Финогенов масъалаҳои муҳими соҳаҳои иқтисоду сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Нахуст ҷонибҳо аз сатҳи кунунии равобити Тоҷикистон ва мудирияти Бонки рушди Авруосиё изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ба қавли Игор Финогенов дар Тоҷикистон ҳар як лоиҳае, ки аз ҷониби Бонки рушди Авруосиё сармоягузорӣ мегардад, дар самти рушди иқтисоди Тоҷикистон нақши калидӣ дорад. Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон Бонки рушди Авруосиё барои татбиқи якчанд лоиҳа дар кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои саноату иқтисод сармоягузорӣ мекунад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба татбиқи лоиҳаҳои бузург дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт дар ҳамкорӣ бо Бонки рушди Авруосиё таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






