Боздиди Қ. Расулзода аз Панҷакент
Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тайи ду рӯзи аввали ҳафтаи ҷорӣ раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба водии Зарафшон сафари корӣ анҷом дод. Рӯзи душанбе дар ҷараёни боздиди корӣ аз шаҳри Панҷакент Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ аз корхонаи муштараки «Зарафшон» дидан намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмону васлӣ дар коргоҳи холисгардонии тилло шинос шуданд. Зимни боздид таъкид гардид, ки ин коргоҳ барои холисгардонии 5 тонна тилло дар 1 сол пешбинӣ шуда, он дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз расман ба фаъолият шуруъ хоҳад кард.Ҳамчунин раиси вилоят аз маҷмааи таърихиву фарҳангии мақбараи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд дидан намуда, барои боз ҳам ободу хуррам гардонидан ва бо тарҳи зебо анҷом додани корҳои тармим дар ин ёдгории таърихӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.Раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз сарбанди канали «Марғедар», пойгоҳи обкашии «Дупула» боздид ба амал оварда, дар кооперативи истеҳсолии ба номи Фирдавсӣ ба кишти баҳории картошка оғоз бахшид ва дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат варзид.Ҳамчунин раиси вилоят дар ҷаласаи корӣ бо иштироки раисони ҷамоати деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Панҷакент натиҷаҳои сафари кории хешро азрёбӣ карда, дар назди роҳбарияти шаҳри Панҷакент ва дигар масъулин вазифагузорӣ намуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






