Боздиди ҳайати ИМА аз Тоҷикистон
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар»). – Ҳайати ҳукуматии ИМА бо сардории муовини ёвари котиби давлатӣ оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Линн Трейси ва муовини ёвари вазири мудофиаи ИМА оид ба Афғонистону Покистон ва Осиёи Марказӣ Дэвид Сидни ба шаҳри Душанбе омад. Тавре ки аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Душанбе масоили марбут ба ҷараёни воқеаҳои Афғонистонро бо шахсони расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор медиҳанд.Ба ҳайати ИМА ҳамчунин муовини намояндаи махсус оид ба Афғонистону Покистони Раёсати давлатӣ сафир Ҷеймс Уорлик ва муовини сардори Ситоди ҳайати фармондеҳони муттаҳиди Қувваҳои байналмилалии мусоидат ба амнияти Афғонистон генерал – майор Лоуренс Николсон шомиланд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






