Боздиди ҳайати Тоҷикистон аз Файсали Покистон
Душанбе, 11 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дония Азиз- муовини раиси парлумони Ассамблеяи миллии Покистон ташрифи ҳайати парлумонии Тоҷикистонро ба Покистон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати иштирок дар кори Конфронси якуми Ассамблеяи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Исломобод омили муҳим дар таҳкими муносиботи дӯстиву бародарӣ байни Покистону Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Доктор Дония Азиз таъкид дошт, ки узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар тақвияти фаъолияти гуногунҷанбаи кишварҳои аъзои ин созмон такони тоза хоҳад бахшид. Дар мулоқот ҳамзамон мусоҳибон доир ба тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар табодули назар карданд. Мавриди зикр аст, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷараёни сафари худ ба Покистон аз калонтарин масҷиди ин кишвар дидан намуда, бо осори фарҳангию таърихии ин мавзеи таърихӣ ошно гаштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






