Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Февраль 6, 2013 16:43

Боришоти барфи зиёд дар Япония Душанбе, 06 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Дар қисми шарқии Япония ва дар шаҳри Токио боришоти зиёди барф ба амал омад. Вобаста ба боришоти зиёди барф ва сардии ҳаво парвози ҳавопаймоҳо аз рўи даҳҳо хатсайри байналмилалӣ ва дохилӣ мавқуф гузошта шуд. Дар роҳҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт мушкил гардида, садамаҳои нақлиётӣ бештар ба назар мерасанд. Дар баъзе минтақаҳои Япония вобаста ба ин ҳолат хатҳои интиқоли барқӣ канда шуда, корношоям гардидаанд. Кормандони хадамоти марбута бо мақсади аз барфтўдаҳо тоза кардани кўчаю хиёбонҳо ва таъмини фаъолияти фурудгоҳҳо ба барқарор кардани хатҳои интиқоли барқ машғуланд. Ҳамла ба сарвазири Юнон Душанбе, 06 феврал (АМИТ «Ховар»).- ВАО Аврупо хабар медиҳанд, ки кормандони мақомоти полиси Юнон шахсони ба дафтари кории ҳизби ҳукмрони мамлакат ҳамла кардаро ҷустуҷў доранд. Гуфта мешавад, ки шахсони номаълум дафтари кории ҳизби демократро, ки дар наздикии шаҳри Афина қарор дорад, аз силоҳи оташфишон мавриди ҳамла қарор додаанд. Маҳз дар ҳамин дафтар сарвазир вобаста ба масъалаҳои ҳизбӣ фаъолият менамуд. Мувофиқи маълумоти кормандони полис дар ин ҳодиса ягон нафар осеб надидааст. Ҳодисаро намояндагони тамоми ҳизбҳои Юнон маҳкум намуданд. Новобаста аз чунин рўйдод ҳизби демократии нав ҳарос надорад ва фаъолияти сиёсии худро идома медиҳад. Мувофиқи тахмини кормандони мақомоти полис эҳтимол дар ин ҷиноят анархистон ё ин ки созмонҳои чапгарои радикалӣ, ки аз фаъолияти ҳизби демократи нав изҳори нигаронӣ менамоянд, даст доранд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Февраль 6, 2013 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд