Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Тӯфони шадид дар уқёнуси Ором Душанбе, 07 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии www.rg.ru дар ҷазираҳои Саломон, воқеъ дар Уқёнуси Ором тўфони шадид ба вуқуъ омад, ки дар натиҷа бисёр манзилҳои истиқоматӣ зери об монданд. Баъди чанд рӯз заминларза низ ба қайд гирифта шуд. Мутахассисони соҳаи геологияи кишвар мегӯянд, ки қувваи заминларза аз рўи ҷадвали Рихтер ба 6 — 8 балл мерасид. Бояд гуфт, ки чунин офати табиӣ дар ин ҷазираҳо бори аввал набуда, қариб дар ҳар шаш моҳ рух медиҳад. Маълумоти мушаххас дар бораи талафоти ҷонӣ ва харобаҳои офати табиӣ то ҳол дода нашудааст. Ифротгароӣ дар Мали Душанбе, 07 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Дар қисми шимолии Мали муборизаи ҷангиёни ифротгарои исломӣ бар зидди нерўҳои давлатӣ ва низомиёни Фаронса идома дорад. Вазири корҳои хориҷии Фаронса дар як нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки моҳи марти соли 2014 нерўҳои хешро аз Мали хориҷ хоҳад кард. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Мали дар айни замон дар қаламрави Мали 400 ҳазор нерўҳои Фаронса бар зидди террористон мубориза мебаранд. Дар нишасти сиёсатмадороне, ки дар шаҳри Брюссел ҷараён гирифт, масъалаи фиристодани мутахассисони соҳаҳои гуногун ва барқарорсозии Мали баррасӣ гардид. Лозим ба ёдоварист, ки то ҳол дар қисми шимолии Мали бархўрди ҷонибҳо ба назар мерасад, ки қариб ҳамарўза аҳолии осоишта қурбон мегарданд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






