Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Февраль 12, 2013 12:06

Дастгир намудани Анна Мария Кокова Душанбе, 12 феврал.(АМИТ «Ховар»).-Аз ҷониби мақомоти қудратии махсуси Италия дар шаҳри Милан роҳбари ширкати сохтмонӣ Анна Мария Коковаро аз сабаби даст задан ба ҷиноятҳои коррупсионӣ дастгир намуданд. Ба гуфти расонаҳои хабарии Аврупо номбурда дар сўйистифода аз мансаб ва азхуд намудани маблағҳои давлатӣ гумонбар дониста мешавад. Мувофиқи иттилои сардори тафтишоти коррупсионии назди ҳукумати Италия Анна Мария Кокова дар шаҳри таърихии Помпея ҳангоми бунёд кардани бинои амфитеатр ва навсозии биною муҷасамаҳои таърихӣ маблағи зиёдро азхуд намудааст. Олмон аз пардохти як миллиард евро худдорӣ намуд Душанбе, 12 феврал.(АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии www.rbc.ru Ҳукумати Олмон барои бунёди роҳи оҳани шаҳри Штутгард аз пардохти як миллиард евро худдорӣ намуд. Ҳол он ки ҳукумати мамлакат барои бунёди роҳи нав ва бо дигар шаҳрҳои бузург пайвастани он ду миллион евро ҷудо карда буд.Мувофиқи иттилои манбаъ роҳи оҳан бояд соли 2020-ум анҷом дода мешуд. Ба гуфти роҳбари роҳи оҳани шаҳри Штутгард дар сурати қатъ гардидани маблағгузорӣ сохтмони роҳ боз 4 соли дигар тўл мекашад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Февраль 12, 2013 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд