Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Намоишгоҳи байналмилалӣ дар Дубай Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки шабакаи хабаргузории «Форс Нюс» иттилоъ медиҳад, бори аввал аст, ки дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб намоишгоҳи байналмилалии аслиҳа сурат гирифт. Дар ин бора намояндагони Пажуҳишгоҳи Стокголм оид ба омўзиши масъалаҳои ҷаҳон зимни ҳисоботи худ изҳорот доданд. Намоишгоҳи мазкур яке аз калонтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар он 1200 ширкат аз 59 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Баъди анҷоми намоишгоҳи мазкур аслиҳаи он ба фурӯш бароварда шуд. Боиси зикр аст, ки 60 дарсади фурўши яроқи ҷаҳонро Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва 30 дарсадро Аврупо идора мекунанд. Пуштибонӣ аз роҳбари Бонки Аврупо Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар»).-Роҳбари Бонки марказии Аврупо Марио Драги зимни суханронии худ дар назди вакилони парлумон аз сиёсати пулии пешгирифтааш пуштибонӣ кард. Тавре ки расонаҳои хабарии дохили кишвар мегӯянд, Президенти Франсия ва сиёсатмадорони кишварҳои аъзои минтақаи евро Бонки марказии Аврупоро барои сиёсати нодорусти пулӣ мавриди танқид қарор доданд. Дар ҳамин ҳол Марио Драги қаблан зимни вохўриаш бо намояндагони кишварҳои узви «Бистгона» иброз намуда буд, ки вазифаи Бонки марказии Аврупо назорат аз болои қурби асъори евро нест, балки танзими сатҳи таваррум аст. Ба гуфти коршиносони соҳаи иқтисоди кишвар агар ҷаҳонро дар ҳоли ҳозир «ҷанги асъор» фаро гирифта бошад, пас дар ин муҳориба Аврупо дар солҳои наздик мағлуб мегардад. Эътирози кормандони «Иберия» Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Дар Испания кормандони ширкати ҳавоии «Иберия» намоиши эътирозӣ доир намуданд. Онҳо норозигии худро оид ба коҳиши музди меҳнат ва кам кардани ҷойҳои корӣ баён доштанд. Масъулини ширкати ҳавоии «Иберия» ин иқдоми худро бо мақсади раҳоӣ аз вартаи буҳрони молӣ амалӣ карданианд. Ба гуфти эътирозгарон агар роҳбари корхона ҳалли масъалаи онҳоро набинад, то охири ҳафтаи равон беш аз ҳазор хатсайри дигар боздошта мешавад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






