«Чархи гардон»- намоиши нави театри Лоҳутӣ

Февраль 16, 2013 11:22

Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов). -Дирӯз дар толори театри академикӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ нахустнамоиши спектакли «Чархи гардон» баргузор гардид.Намоишнома ба қалами Нурмуҳаммад Табаров тааллуқ дошта, онро Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Убайдулло Давлатов ба саҳна гузоштааст.Мавзӯи намоиш зиндагонии аҳли дарбор, мухолифатҳои дохилидарборӣ ва муносибати байни давлатҳо дар замони амирии Султон Маҳмуди Ғазнавӣ буда, ба тамошобин некиву накӯкориро талқин мекунад. Ҳамчунин ҳунармандоне, чун Улфатшоҳ Аҳмадшоев, Ортиқи Қодир, Исо Абдурашидов, Носир Ҳасанов Қиёмиддин Чақалов бо бозӣ дар ин намоишнома тавонистаанд ҳадафи муаллиф ва таҳиягари намоишро ба бинанда расонанд.Гуфта мешавад ин яке аз беҳтарин намоишҳоест, ки театри Лоҳутӣ дар чанд соли охир таҳия кардааст.

Февраль 16, 2013 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд