Чемпионҳо идрорпулӣ мегиранд
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).– Аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ барои омодагии ду нафар варзишгари тоҷик дар мусобиқаҳои литсензионӣ- яке Андрей Дригин ва дигаре Соҳибназари Турсунмурод идрорпулии олимпӣ ҷудо мегардад. Ин маблағ баҳри омодагии ин ду варзишгар ба Бозиҳои олимпии зимистонаи Сочи-2014 масраф мегардад. Бояд тазаккур дод, ки Андрей Дригин борҳо шарафи кишвари моро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳимоя менамояд ва аз ин пештар дар Бозиҳои олимпии зимистонаи Ванкувер ширкат намуда буд. Ба иттилои сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муродалӣ Тешаев Соҳибназари Турсунмурод 17-сол дошта, дар Бозиҳои зимистонаи Эрон, Қазоқистон ва дигар мусобиқаҳо ширкат намудааст. Ӯ чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лижаронӣ мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






