Cиёсати пулӣ дар соли 2012

Февраль 11, 2013 09:16

Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раванди рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар соли 2012 дар сатҳи нисбатан муътадил қарор дошт. Ҳаҷми ММД дар соли гузашта ба 36,2 млрд. сомонӣ баробар шуда, суръати рушди воқеии он 7,5 фоизро ташкил намуд. Рушди муътадил дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла гардиши савдои чакана 16,9 фоиз, хизматрасонӣ 15,3 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти саноатӣ 10,4 фоиз ба қайд гирифта шуд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Департаменти сиёсати пули Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, сатҳи таваррум дар соли ҳисоботӣ раванди муътадилро нигоҳ дошта, 6,4 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли қаблӣ 2,9 банди фоизӣ кам мебошад. Нишондиҳандаҳои мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархҳои хизматрасонии пулакӣ- 9,6 фоиз, маҳсулоти хӯрокворӣ- 5,6 фоиз ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ- 6,7 фоиз ба миён омад. Тибқи таҳлилҳои БМТ дар соли 2012 сатҳи таварруми аслӣ 2,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 1,9 банди фоизӣ кам мебошад. Бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи муътадили ҳаҷми пул дар муомилот ва паст гардидани фишорҳои таваррумӣ дар давоми соли 2012 фишангҳои монетарии Бонки миллии Тоҷикистон, аз қабили меъёри бозтамвил, меъёри захираҳои ҳатмӣ, ҷудо намудани қарзҳои пардохтпазирӣ, амалиёт дар бозори озод ва бозори асъор мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, меъёри бозтамвил тадриҷан аз 9,8 то 6,5 фоизи солона паст шуд. Меъёри фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, вобаста ба пастшавии фоизи миёнаи қарзҳои байнибонкӣ аз 23,8 фоиз то 18,0 фоиз коҳиш ёфт. Бояд гуфт, ки меъёри захираҳои ҳатмӣ низ бо назардошти таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ ва мусоидат ба рушди қарздиҳӣ 2,0 банди фоизӣ паст шуда, барои пасандозҳо бо пули миллӣ 5,0 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 7,0 фоизи солона муқаррар гардиданд.

Февраль 11, 2013 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад