Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир…
Душанбе, 11 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар доираи таҷлили 20-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркманистон 15 феврал дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ консерти устодони санъати Тоҷикистону Туркманистон барпо гардида, ҳамзамон расму мусаввараҳои рассомони шинохтаи Турманистон ба маърази тамошо гузошта мешавад. Аз Сафорати Туркманистон дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳайати фарҳангии Туркманистон рӯзи 14 феврал ба Душанбе ташриф меорад. Интизор меравад, ки ҳайати фарҳангиёни Туркманистон ба ноҳияи Ҷилликӯл сафар карда, бо турмантаборҳое, ки дар ин ноҳия муқимӣ ҳастанд, дидору мулоқот намоянд ва барномаи консертиро, ки таҷассумгари дӯстиву рафоқат ва бародарӣ миёни мардумони тоҷику туркман аст, пешкаши сокинони ин ноҳия гардонанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






