Дар ҷануби кишвар беморхонаи бисёрсоҳавӣ сохта мешавад

Февраль 20, 2013 15:21

Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Созишномаи қарзии иловагӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ дар хусуси лоиҳаи беморхонаи бисёрсоҳавии Данғараро имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат баррасӣ ва тасдиқ карданд.  Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва вакили палатаи поёнии парлумони мамлакат Ашӯрбек Расулов зимни ташреҳи санади мазкур зикр намуданд, ки Созишнома 14 декабри соли 2012 дар шаҳри Вена ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи асосии Созишнома бо маблағгузории Фонд ҳамчун қарз бо мақсади хизматрасонии тиббии мақсаднок ба аҳолии вилояти Хатлон ва минтақаҳои атрофи он — дар қисми ҷанубу ғарбии Тоҷикистон, тавассути сохтмони беморхонаи бисёрсоҳавии нави пурра муҷҷаҳаз дар Данғара татбиқ мешавад. Ҳамзамон дар асоси Созишномаи қарзии иловагӣ таҷҳизоти тиббӣ, мебел ва лавозимоте, ки барои беморхонаи бисёрсоҳавии Данғара пешниҳод мешавад, аз ҷумла таҷҳизоти тиббӣ барои ташхис, кардиология, муолиҷаи интенсивӣ, лабораторӣ, эндоскопӣ ва физиотерапия ва таҷҳизоти ғайритиббӣ харидорӣ мегардад.

Февраль 20, 2013 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд