Дар кишвар қонуни гаравхона қабул мегардад
Душанбе, 25 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат , ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон баргузор шуд, баррасӣ гардид. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» қонуни нав буда, ҳадафаш ба танзим даровардани асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, фаъолият ва муносибатҳои таҳти гарави молу мулки манқули шаҳрвандон қарор дошта, қарз додан ва хидматрасонии гаравхонаҳо аст. Лоиҳаи қонуни мазкур аз 18 модда иборат мебошад. Вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат Сафаралӣ Гулов, Ашурбек Расулов, Эшбурӣ Эсанқулов, Домуллоҷон Ҷабборов, Шарофиддин Сироҷов ва Мунаввара Кенҷаева муаллифони лоиҳаи қонуни мазкуранд. Мавриди зикр аст, ки алҳол гаравхонаҳо дар кишварамон дар асоси муқаррароти Кодекси гражданӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарав» фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






